Сафари раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Сурия
Сардор сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар садри ҳайати олирутбаи низомӣ, барои ширкат дар иҷлоси сеҷонибаи раисони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Эрон, Ироқ ва Сурия, ки ба манзури баррасии роҳкорҳои мубориза бо терроризм баргузор мешавад, ба Сурия сафар кардааст.
Иртиқои ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ, машварат ва ҳамфикрӣ дар заминаи мубориза бо терроризм ва эҷоди ҳамоҳангӣ ва ҳамафзоии се кишвари Эрон, Ироқ ва Сурия дар идомаи муқобила бо гурӯҳакҳои террористӣ ва ҳамчунин баррасӣ ва дастёбӣ ба охирин роҳкорҳои эҷоди субот ва таъмини амнияти минтақа аз аҳдофи сафари сарлашкар Боқирӣ ба Сурия аст.
Ҳамкорӣ байни Ироқ, Сурия ва Эрон дар заминаи мубориза бо терроризм таъсири қобили таваҷҷуҳе бар раванди мубориза бо терроризм доштааст. Ин муваффақият дар ҳоле ба даст омада, ки эътилофи амрикоии зидди ДИИШ бо вуҷуди таблиғоте, ки дар хусуси он ба роҳ андохтаанд, на танҳо ҳеҷ кумаке ба нобудии терроризм дар минтақа надоштааст, балки амалан ба монеае дар муборизаи ҷиддӣ бо ДИИШ ва нобудии комили онҳо табдил шудаанд.
Владимир Захаров, раиси Институти пажуҳишҳои сиёсӣ ва роҳбурдии Русия бо ишора ба мавориде аз ҳимоятҳои Амрико аз террористҳо, иллати ин ҳимоятҳо аз ҷараёнҳои террористиро ниёзи Вашингтон ба танишзоии бештар дар минтақа медонад, ки бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп ин сиёсат ба шиддат ҷараён дорад ва дунбол мешавад.
Раиси Институти пажуҳишҳои сиёсӣ ва роҳбурдии Русия таъкид мекунад, ба ҳамин далел набояд изҳороти мақомҳои амрикоӣ барои мубориза бо терроризмро бовар кард ва кишварҳои минтақа, бавижа Ироқ ва Сурия, ки бисёр густурда мавриди ҳамлаи террористҳо қарор гирифтаанд, бояд мувозиби таҳаррукоти нерӯҳои Амрико ва кишварҳои ғарбии ҳампаймони Вашингтон дар минтақа бошанд.
Аз ин рӯ, дар шароите, ки решаҳои терроризм дар Ироқ ва Сурия бо талошҳои муштараки кишварҳои хати муқаддами мубориза бо террористҳо дар ҳоли нобудии комил аст, нерӯҳое, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо давлати Сурия дар ин кишвар ҳузур доранд, дер ё зуд бояд хоки Сурияро тарк кунанд.
Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар ҳангоми вуруд ба Димишқ гуфт, хуруҷи нерӯҳои хориҷие, ки бидуни иҷозаи давлати Сурия вориди ин кишвар шудаанд, дар иҷлоси сеҷонибаи Эрон, Сурия ва Ироқ баррасӣ хоҳад шуд.
Таҷриба нишон медиҳад, ҳамкориҳои минтақаӣ танҳо роҳкори мубориза бо терроризм, ноамнӣ, хушунат ва ифротгароӣ аст. Дар ин чорчӯб Эрон бо ироаи кумакҳои мусташорӣ ва машваратӣ ба артишҳо ва нерӯҳои мардумии Сурия ва Ироқ, ки дар хати муқаддами ҷанги воқеӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ қарор гирифтаанд, нақши муассире ифо кард. Ин талош ва ҳамоҳангии муштарак нишонаи азми ҷиддӣ барои муборизаи воқеӣ бо терроризм то хушконидани решаи он аст.
Сайидризо Садрулҳусайнӣ, коршиноси масоили сиёсӣ бо баёни ин ки терроризм ба як мушкили ҷаҳонӣ табдил шудааст, мегӯяд, Эрон, Сурия ва Ироқ нигоҳи собит ва наздике дар мубориза бо терроризм доранд ва дар ҳамин чорчӯб бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд.
Ҷанги воқеии артиши Сурия ва Ироқ бо ҳимоятҳои Русия ва Эрон алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ, намунаи муваффақ барои ҷилавгирӣ аз густариши терроризм аст. Дар шароити кунунӣ, ҳамкориҳои Эрон, Ироқ ва Сурия ба самар нишастааст ва муборизаи беамон бо террористҳо дар ин кишварҳо ҷараён дорад. Табодули таҷриба ва иттилоот ва ҳамоҳангиҳои лозим дар ин чорчӯб метавонад раванди ин ҳамкориҳоро сареътар ва натоиҷи онро самарбахштар кунад.
Нозирони сиёсӣ муътақиданд, кишварҳои минтақа бояд дар амри мубориза бо терроризм бар нерӯи худ иттико кунанд. Дар ин росто, ҳамоҳангии сеҷонибаи Эрон, Сурия ва Ироқ муваффақиятҳои қобили таваҷҷуҳеро зидди террористҳо дар пай доштааст. Қотеъияте, ки се кишвар то кунун дар ин замина нишон додаанд, ба ҷилавгирӣ аз муташанниҷ шудани авзои дигар кишварҳои минтақа кумаки зиёде кардааст. Аз ин рӯ, иҷлоси сеҷонибаи раисони Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Эрон, Ироқ ва Сурия дорои аҳамияте роҳбурдӣ аст.