Коршиноси фарҳангии тоҷик: Паёми Наврӯз - шодиофаринӣ ва сулҳофаринӣ аст
(last modified Mon, 18 Mar 2019 14:52:04 GMT )
Март 18, 2019 19:52 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси фарҳангии тоҷик: Паёми Наврӯз - шодиофаринӣ ва сулҳофаринӣ аст

Коршиноси мизи Тоҷикистон дар муассисаи ЭКО паёми ойини Наврӯзро шодиофаринӣ ва сулҳофаринӣ донист.

Шоҳмансури Шоҳмирзо дар гуфтугӯ бо хабаргузории Оно дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз ва оғози баҳор дар Тоҷикистон гуфт, дар замони ҳокимияти Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ талошҳои зиёде аз сӯйи сардамдорони ин низом сурат гирифт то ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон маҳдуд шавад, аммо хушбахтона ин талошҳо муваффақиятомез набуд.

Шоҳмирзо дар бораи иллати аслии нокомии сардамдорони Шӯравӣ гуфт: “Наврӯз мардумитарин ҷашн дар ҳамаи қаламраве аст, ки ин ойинро ҷашн мегиранд. Ин ҷашн дар хуни мо аҷин шудааст ва касе наметавонад ин пайвандро қатъ кунад”.

Коршиноси мизи Тоҷикистон дар муассисаи ЭКО, ки мақарри он дар Теҳрон аст, дар бораи ҷашни Наврӯз дар кишвараш низ гуфт, Наврӯз ҳамасола дар кишвари мо бошукӯҳ ва ҷалол дар берун аз хонаҳо ва ҳамчунин дар даруни хонаҳо ба наҳви аҳсан таҷлил мешавад.

Вай оштӣ додани касоне, ки бо ҳам қаҳр будаанд, рафтан ба қабристонҳо ва сар задан ба касоне, ки дар соли гузашта азизе аз даст додаандро аз дигар одоби Наврӯзи мардуми Тоҷикистон донист.

Шоҳмансури Шоҳмирзо бо ишора ба пухтани суманак ё ҳамон саману ба муносибати Наврӯз ва фиристодани он ба хонаҳое, ки дар тӯли соли гузашта азодор шудаанд гуфт, ин ҳаракат дорои фалсафае бисёр зебо аст, ки дар воқеъ нишон медиҳад, паёми Наврӯз - паёми шодиофаринӣ ва сулҳофаринӣ аст.

Коршиноси мизи Тоҷикистон дар муассисаи ЭКО ҳамчунин гуфт, таътилоти Наврӯз дар Тоҷикистон шаш рӯз аст ва дар ин шаш рӯз мардум бо фароғи бол ҷашни Наврӯзро баргузор мекунанд.

Ин коршиноси фарҳангии тоҷик гуфт, боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон ҳам дар канори 11 кишвари дигар дар фароянди сабти ҷаҳонии Наврӯз нақш дошт.