Март 19, 2019 20:48 Asia/Dushanbe

Фардо, чаҳоршанбе, сездаҳуми моҳи раҷаби соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо бистуми марти соли 2019-и милодӣ ва 29-уми исфанди соли 1397-и хуршедӣ солрӯзи милоди пешвои парҳезкорон ва мавлои орифон, ҳазрати Алӣ (раз.) аст.

Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (раз.) дар сездаҳуми моҳи раҷаб мутаваллид шуд, дар ҳоле ки девори хонаи Каъба ба рӯйи модарашон Фотима бинти Асад шикофт ва он бонуи бузургвор барои таваллуди фарзандаш вориди хонаи Каъба шуд. Ҳазрати Алӣ (раз.) аз даврони кӯдакию навҷавонӣ назди Расули гиромии Ислом (с) парвариш ёфтанд. Эшон нахустин фарде буданд, ки ба Ислом имон оварданд ва дар ҳама мароҳил таблиғу тарвиҷи дини мубини Ислом аслитарин ёри Набии акрам (с) ба шумор мерафтанд.

Дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ (раз.) Рӯзи падар номгузорӣ шудааст ва мардуми муъмину худоҷӯи Эрони исломӣ илова бар ҳузур дар маконҳои муқаддас ва баргузории ҷашнҳои мухталиф дар шабу рӯзи солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ (раз.) ба падарони худ адои эҳтиром мекунанд.

Радиои тоҷикии “Садои Хуросон” фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ (раз.)-ро ба ҳама мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.