29 исфанд солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i42577-29_исфанд_солрӯзи_миллӣ_шудани_санъати_нафт_дар_Эрон
Имрӯз чаҳоршанбе 29 исфанд (20 март) шасту ҳаштумин солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 20, 2019 17:45 Asia/Dushanbe
  • 29 исфанд  солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон

Имрӯз чаҳоршанбе 29 исфанд (20 март) шасту ҳаштумин солрӯзи миллӣ шудани санъати нафт дар Эрон аст.

Тарҳи миллӣ шудани санъати нафти Эрон 20 март 1951 бо пешниҳоди аъзои Камиссиони нафт дар маҷлиси Эрон ба тасвиб расид ва нафти Эрон ба таври расмӣ миллӣ шуд.

Пас аз як давраи сиёсии пуртаниш бо милли шудани санъати нафти Эрон дасти Британия аз санъати нафти Эрон қатъ ва ин мавзӯъ мунҷар ба оғози хуруҷи тадриҷии британияиҳо аз минтақа шуд.

Миллӣ шудани санъати нафти Эрон ҳамчунин нуқтаи атфе дар таърихи таҳаввулоти сиёсии Ховари Миёна буд, ба тавре, ки миллӣ шудани канали Судэз дар Миср низ ба раҳбарии Ҷамол Абдуносир аз миллӣ шудани санъати нафти Эрон улгу гирифт.