Март 22, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон, тарҳи Ховари Миёнаи ҷадиди Амрико шикаст хурдааст

Имом ҷумъаи Теҳрон гуфт, ҳадафи Амрико аз тарҳи Ховари Миёнаи ҷадид, тасаллут ба Ироқ, Сурия ва Лубнон буд, аммо на танҳо хостаи амрикоиҳо амалӣ нашуд балки муқовимат зидди онон шакл гирифтааст.

Ба гузориши Радиои тоҷикии Садои Хуросон, оятуллоҳ саид Аҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба сафари ахири раиси ҷумҳури Эрон ба Ироқ ва сафари раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Сурия гуфт, ин сафарҳо меҳвари муқовиматро дар минтақа тақвият хоҳад кард ва муҷиби поёни ҳузури зӯргуён дар минтақа хоҳад шуд.

Имом ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба ҳамлаи террористӣ дар Зеландияи нав ва кушта шудани беш аз 50 нафар гуфт, иллати ин ҷиноят тарвиҷи исломҳаросӣ дар кишварҳои ғарбӣ аст.

Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо ишора ба номгузории соли 1398 ҳиҷрии шамсӣ аз сӯи раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба соли "равнақи тавлид" низ гуфт, барои бештар шудани равнақи иқтисодӣ дар кишвар зарурат дорад, ки аз воридоти беравия пешгирӣ шавад.

 

Барчасп