Такмилӣ/ Раҳбари инқилоб: Кори аслӣ - бозсозии вайрониҳои сел аст
(last modified Wed, 03 Apr 2019 10:23:11 GMT )
Апрел 03, 2019 15:23 Asia/Dushanbe
  • Такмилӣ/ Раҳбари инқилоб: Кори аслӣ - бозсозии вайрониҳои сел аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: “Ба масъулон таъкид кардаам, ки корҳои аслӣ, яъне бозсозии вайрониҳо ва ҷуброни хисоратҳои сел аст, ки бояд ин хисорот ва садамот ҷуброн шавад”.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар хуҷастаи солрӯзи Иди мабъас, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ субҳи имрӯз - чаҳоршанбе, дар дидори масъулони низом, сафирони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз қишрҳои мухталифи мардум, бо ишора ба ҳодисаи сел дар бархе аз устонҳои кишвар, афзуданд: Дар ин ҳодиса талоши мардум ва рӯҳияи ҳамбастагӣ ва басиҷшавандагӣ дар миёни онон бисёр хуб буд ва миллати Эрон ҷонона вориди майдон шуданд ва кумаккори масъулон буданд ва масъулон низ бо ҳамин пуштибонии мардумӣ ва бо иттифоқи калима тавонистанд иқдомоти ибтидоиро анҷом диҳанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо ишора ба мавзӯи мабъас, зуҳури паёмбарон дар ҷавомеи мухталифро як барангехтагӣ ва як ҳаракати азим бо ҷиҳатгирии “тавҳид ва убудийят” ва “иҷтиноб аз тоғут” хонданд ва таъкид карданд: Тоғут дар воқеъ ҳамон ҷараён ва хатти муқобили ҳаракати тавҳидӣ аст, ки мисдоқи имрӯзи он руасои ҷумҳур дар Амрико ва бархе кишварҳои дигар ҳастанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ хотирнишон карданд, таҷовузгариҳои режими саҳюнистӣ дар тӯли солҳои гузашта намунаи боризи ҷангафрӯзиҳои тоғут ва муқобилаи муҷоҳидони фаластинӣ ва Ҳизбуллоҳи Лубнон ва ҳамчунин дифои 8 солаи миллати Эрон, мисдоқи боризи ҷиҳод дар роҳи Худо аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки инқилоби исломии Эрон идомаи биъсати паёмбари Ислом (с) аст, афзуданд: Иллати душманӣ бо низоми ҷумҳурии исломӣ ҳамон хати душмани ҷабҳаи тоғут бо ҷабҳаи тавҳид аст ва ин ки гуфта мешавад, душмантарошӣ накунед, ҳарфи нодурусте аст. Зеро ҷабҳаи тоғут бо асл ва ҳувияти ҳаракати тавҳид мухолиф аст ва Амрико ва навкарони ӯ ҳамчун оли Сауд ба камтар аз даст кашидан аз ҳаракат дар масири тавҳид розӣ намешаванд.

 Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд, агар миллати Эрон ҳамон гуна, ки то ба ҳол ҳаракат кардааст, ба масири худ идома диҳад, қатъан бар душманон, яъне Амрико ва дунболаравони ӯ ғалаба хоҳад кард ва пирӯз хоҳад шуд.