Номгузории рӯзи ҷаҳонии "зан дар риёзиёт" ба номи нобиғаи эронӣ
(last modified Thu, 04 Apr 2019 11:32:16 GMT )
Апрел 04, 2019 16:32 Asia/Dushanbe
  • Номгузории рӯзи ҷаҳонии

Муовини умури занон ва хонаводаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз номгузории рӯзи таваллуди профессор Марями Мирзохонӣ ба унвони рӯзи ҷаҳонии "зан дар риёзиёт" хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Маъсумаи Ибтикор, муовини умури занон ва хонаводаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи “Твиттер” навишт: Дар нишасти ҷаҳонӣ "занон дар риёзиёт", рӯзи таваллуди профессор Марями Мирзохонӣ ба унвони рӯзи ҷаҳонии зан дар риёзиёти номгузорӣ шуд.

Марями Мирзохонӣ, риёзидони эронӣ ва устоди Донишгоҳи Стэнфорд, дар соли 2014 ба далели анҷоми таҳқиқот дар заминаи "диномик ва ҳандасаи сутӯҳи римонӣ ва фазоҳои паймонаии онҳо" ба унвони нахустин зан, барандаи медали Филдз ба унвони болотарин ҷоиза дар риёзиёт шуд.

Ин нобиғаи риёзии Эрон ва ҷаҳон пас аз чаҳор сол мубориза бо бемории саратон, 15 июли 2017 даргузашт.

Иттиҳодияи байналмилалии анҷуманҳои риёзии ҷаҳон низ пеш аз ин ба пешниҳоди Кумитаи бонувони анҷумани риёзии Эрон, 3 моҳи май, рӯзи таваллуди марҳумаи Марями Мирзохониро рӯзи ҷаҳонии “зан дар риёзиёт” номгузорӣ кард.