Апрел 05, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Пойдорӣ калиди иқтидори ҷумҳурии исломӣ аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, Инқилоби Исломӣ бар усули хеш пойдор монда ва ҳар рӯз дар баробари тамоми қудратҳои истикбор сангарҳои ҷадидеро фатҳ кардааст ва бо қудрат то марзи режими саҳюнистӣ ҳузур дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, ҳуҷҷатулислом Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард бо ишора ба тадовуми пойдории миллати Эрон бар ормонҳои Инқилоби Исломӣ афзуд, ин мавзӯъ яке аз муҳимтарин ва калидитарин авомили рушду иқтидор ва боландагии низоми ҷумҳурии исломӣ аст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, имрӯз ин иқтидори Ислом ва бозгашт ба ҳувияти аслӣ дар мардуми мусалмони Ироқ низ дурахшида ва роҳро барои ҳузури намояндагони воқеии миллат дар қудрат ҳамвор кардааст. Абутуробифард афзуд, ҳамин ҳузури арзишманд боис шудааст, раисҷумҳури Амрико баъд аз 7 триллион ҳазина дар Ироқ маҳрамона ва шабона барои дидани нерӯҳояш он ҷо ҳозир шавад ва шабона аз он ҷо биравад.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, имрӯз миллатҳои Сурия, Лубнон ва Яман роҳро барои ҳузури низомҳои сиёсии мубтанӣ бар иродаи миллатҳо ҳамвор кардаанд ва ин муҳимтарин дастоварди Инқилоби Исломӣ аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба кумакрасонӣ ба селзадагон дар устонҳои мухталифи селзадаи Эрон гуфт, акнун мисдоқи накӯкорӣ кумак ва хидмат ба бародарону хоҳарони селзада аст.

Абутробифард бо баёни ин ки садсозӣ хисорати селро ба ҳадди ақали мумкин коҳиш дод, гуфт,​ омодагӣ ва басиҷи нерӯҳо ва ҳузури артишу сипоҳ дар канори мудирон кумакрасониро ба селзадагон тасҳил кард.

 

Барчасп