Апрел 06, 2019 12:54 Asia/Dushanbe
  • Донишҷӯёни эронӣ барандаи медали бронзи мусобиқоти ҷаҳонии барноманависӣ

Тими донишҷӯёни Донишгоҳи Шарифи Эрон медали бронзи мусобиқоти ҷаҳонии барноманависӣ дар Португалияро аз они худ кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи ИРНА, тими донишҷӯёни донишкадаи муҳандисии компютери Донишгоҳи Шарифи Эрон пас аз 18 сол, бо пуштисар гузоштани руқабои қудратманде ҳамчун донишгоҳҳои Принстон, Ҳарвард, Оксфорд ва Санкт-Петербург, муваффақ ба касби медали бронз дар мусобиқоти ҷаҳонии барноманависӣ шуд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонии барноманависии донишҷӯӣ дар Португалия 135 тим ширкат доштанд.

Мусобиқоти ҷаҳонии барноманависии донишҷӯӣ муътабартарин мусобиқаи барноманависӣ дар ҷаҳон аст, ки ба унвони олимпии барноманависон шинохта мешавад.