Сентябр 17, 2016 12:10 Asia/Dushanbe
  • Дидори русои ҷумҳурии Эрон ва Венесуэла дар Каракас

Раисони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Венесуэла бар нақши муҳим ва муассири Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо дар барқарории сулҳу субот дар ҷаҳон таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи ҷумъа дар дидор бо Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии Венесуэла, оғози раёсати ин кишвар бар Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳоро табрик гуфт ва афзуд: "Теҳрон омода аст таҷрибиёти раёсати худ бар ин ҷунбишро дар ихтиёри Венесуэла қарор диҳад".

Рӯҳонӣ бо ишора ба таҳаввулоти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфт, Ҷунбиши ғайримутааҳҳидҳо метавонад нақшофарини бузург дар ҷаҳони имрӯз бошад ва аъзои ин ҷунбиш бояд бо ваҳдат ва ҳамкории мутақобил, манофеи ҷамъии худро ба пеш бубаранд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба мавзӯи коҳиши баҳои нафт ва осори он бар иқтисоди ҷаҳон таъкид кард, суботи бозор, қимати одилона ва низ саҳми мунсифонаи тавлидкунандагони нафт, тазминкунандаи манофеи пойдорс тавлидкунандагону масрафкунандагони энержӣ аст.

Мадуро низ бо таъкид бар ин ки Каракас мусаммам ба густариши ҳамкориҳо бо Теҳрон дар заминаҳои мухталиф аст, гуфт: "Эрон ва Венесуэла фурсатҳои густурдае барои густариши ҳамкорӣ доранд ва кишвараш ба думболи сармоягузории муштарак дар ҳавзаҳои санъатӣ, зербиноӣ ва энержӣ аст".

Имрӯз, 17-умин иҷлоси сарони Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо дар ҷазираи Маргаритаи Венесуэла оғоз ба кор мекунад ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин иҷлос, раёсати ин ҷунбишро ба Венесуэла таҳвил медиҳад.