Шодбоши валодати сарвари озодагон - ҳазрати Имом Ҳусайн (а)
(last modified Mon, 08 Apr 2019 15:35:11 GMT )
Апрел 08, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Шодбоши валодати сарвари озодагон - ҳазрати Имом Ҳусайн (а)

Фардо, севуми шаъбони 1440 –и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо бистуми фарвардини 1398 – хуршедӣ ва нуҳуми апрели соли 2019 солрӯзи мелоди сайиду солори шаҳидон, сарвари озодагони ҷаҳон ва нури чашму набераи гиромии расули мукаррами Ислом (с) - ҳазрати Имом Ҳусайн (а) аст.

Дидаи башарият равшан шудааст, ки дар тулӯи моҳи шаъбон, хуршеди ҷамоли ҳусайниро ба назора меистад.

Севуми шаъбон - солрӯзи валодати хуҷастаи сайиди ҷавонони аҳли биҳишт ва пораи тани расули Худо (с), ҳазрати Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст, ки набии гиромии Ислом дар бораи ӯ мефармояд, Ҳусайн аз ман аст ва ман аз Ҳусайн ҳастам.

Посдори бузурги Ислом ва шариати Муҳаммадӣ, ки бо фидокории беназираш дар овардгоҳи Карбало, дарси озодагӣ ва иззатро ба ҳамаи ҷаҳониён омӯхт ва улгӯи дурахшандае дар дифоъ аз ойини осмонии ҷаддаш расули Худо (с) шуд.

Ҳазрат Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи мелоди Имом Ҳусайн (а) - ро рӯзи Посдор ном ниҳод то иззат, озодагӣ ва басирати он ҳазрат ҳамвора сармашқи зиндагии дӯстдорони Муҳаммад ва оли Муҳаммад шавад

Ҳамзамон бо шаби мелоди Имом Ҳусайн (а) ҳарамҳои мутаҳҳари аҳли байти расули Худо (с) дар Эрон, бавижа ҳарами нуронии ҳазрати Ризо (а) дар Машҳад чароғонӣ шуда ва мизбони дӯстдорони хонадони исмат ва таҳорат аст, ки аз гӯша - гӯшаи ҷаҳон худро ба ин ҳарими муқаддас расондаанд то дар шаби мелоди масъуди Имом Ҳусайн (а) меҳмони каромати разавӣ ва раҳмати он ҳазрат бошанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ин рӯзи муборакро ба ҳамаи мухотабони гиромӣ ва ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.