Апрел 09, 2019 11:25 Asia/Dushanbe
  • Зариф: террористихондани сипоҳи Посдорон ҳадияи интихоботии Амрико ба Натанияҳу буд

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон душанбешаб иқдоми ахири Амрико дар террористӣ эълом кардани сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро ҳадияе ба нахуствазири режими саҳюнистӣ ва низ як моҷароҷуии хатарнок тавсиф кард.

Ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Муҳаммад ҷаводи Зариф дар Твиттер навишт, иқдоми Амрико алайҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ҳадияи интихоботии гумроҳкунандаи дигаре ба Натанияҳу ва як моҷароҷуии хатарноки дигар дар минтақа аст.

Сафири Эрон дар Британия низ душанбешаб дар вокуниш ба иқдоми хасмонаи Амрико алайҳи сипоҳи Посдорон дар Тавиттер навишт, Трамп бо эъломи сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ ба унвони як гуруҳи террористӣ яке аз аҳмақонатарин тасмимоти сиёсии худро иттихоз кард.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар баёнияе, ки Кохи Сафед онро мунташир кард изҳор дошт сипоҳи Посдорони инқилоби исломиро дар рӯйхатти гуруҳҳои террористии Амрико қарор додааст.

Сипоҳи Посдорони  инқилоби исломӣ нақше асосӣ дар мубориза бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико дар минтақа дорад. Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ барои мубориза бо гуруҳҳои такфирӣ-террористӣ дар Ироқ ва Сурия ба дархости расмии ин кишвар, кумаки мусташоре ба онҳо ироа мекунад, иқдоме, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба мазоқи Трамп хушоянд нест.