Апрел 09, 2019 20:28 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба иқдоми Трамп алайҳи Сипоҳи посдорон

Иқдоми Амрико алайҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва қарор додани номи ин нерӯи низомӣ дар феҳрасти созмонҳои террористӣ вокунишҳои густурдаеро дар ҷаҳон дар пай доштааст.

Давлати Сурия тасмими Амрикоро дар қарор додани номи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ нақзи ошкори маншури Созмони Милал ва нишони ифтихорӣ барои Сипоҳи посдорон донист. Дмитрий Евстифеев, устоди Омӯзишгоҳи олии иқтисодии Русия ҳам дар гуфтугӯ бо радиои “Спутник” гуфт, иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои гунҷондани Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ дар ҳимоят аз Исроил буд. Вадим Хоменко, муовини раиси Академияи улуми Тотористони Русия низ гуфт, Амрико миллиардҳо доллар барои мусаллаҳ кардани террористҳо дар Сурия ҳазина кард, аммо то кунун натиҷаи қобили таваҷҷуҳе аз ин иқдомоти пурҳазинаи худ нагирифтааст. Раҷаб Сафаров, пажуҳишгари тоҷики муқими Русия ҳам гуфтааст, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ нерӯи мардумӣ аст, ки аз даруни миллати Эрон бархоста ва нерӯи муқобилакунанда бо террористҳост, ки монеи иҷрои нақшаҳои Амрико ва кишварҳои ғарбию арабӣ дар Сурия шудааст. Торнамои шабакаи телевизионии «France 24» ҳам бо интишори гузорише навишт, иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар қарор додани номи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ бар хилофи қавонини байналмилалӣ аст. Дипломати собиқи Амрико низ зимни интиқод аз иқдоми Кохи Сафед алайҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар хусуси паёмадҳои он барои артиши ин кишвар ҳушдор дод. Венди Шермэн, муовини собиқи вазири хориҷии Амрико таъкид кард, қарор додани Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ паёмадҳое барои нерӯҳои амрикоӣ хоҳад дошт.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе дар баёнияе, ки Кохи Сафед онро мунташир кард, эълом кард, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро дар листи гурӯҳҳои террористии Амрико қарор додааст. Ин тасмими Трамп танҳо аз сӯйи режими саҳюнистӣ ва давлатҳои Баҳрайну Арабистони Саудӣ бо истиқбол рӯ ба рӯ шудааст.

 

Барчасп