Апрел 14, 2019 19:46 Asia/Dushanbe
  • Вуруди панҷумин маҳмулаи кумакҳои Ироқ барои селзадагони Эрон

Панҷумин маҳмулаи кумакҳои эҳдоии Ироқ барои селзадагони Эрон вориди марзи Шаламча, ҷанубу ғарби Эрон шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Абумаҳдии Алмуҳандис, раиси “Ҳашдушшаъбӣ”-и Ироқ дар ҳошияи вуруди кумакҳои инсондӯстонаи мардуми Ироқ ба селзадагони эронӣ дар марзи байналмилалии Шаламча гуфт, мардуми Ироқ ҳеҷ гоҳ кумакҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро дар мубориза бо ДИИШ фаромӯш намекунанд. Алмуҳандис таъкид кард, миллати Эрон ва Ироқ робитаи деринае дар заминаҳои мухталиф доранд ва “Арбаин”-и ҳусайнӣ беҳтарин гувоҳ бар дӯстӣ ва ҳамдилии ин ду миллат аст.

Ин кумакҳо шомили таҷҳизоти имдодӣ, маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ аст.

Боришҳои бесобиқаи ахир ва ҷорӣ шудани сел дар бархе аз манотиқи шимол, ғарб ва ҷануби Эрон хисорати молӣ ва ҷонии фаровон бар ҷо гузошт. Созмони пизишки қонунии Эрон шумори ҷонибохтагонро 76 нафар эълом кардааст.

 

Барчасп