Машваратҳои Зариф дар Димишқ ва Анкара
Муҳаммад ҷаводи Зариф рӯзи сешанбе дар садри ҳайъате сиёсӣ ва дар идомаи машваратҳо ва ройзаниҳои мустамар ва муназзам байни мақомоти Эрон, Сурия ва Туркия вориди Димишқ шуд.
Зариф дар бораи ҳадафҳои ин сафар гуфт, бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоти ахир дар минтақа ба хусус иқдомоти ғайриқонунии Трамп дар эъломи пазириши илҳоқи ғайриқонунии баландиҳои Ҷавлон ба режими саҳюнистӣ, эъломи пойтахтии Қудси шариф ва баъд аз он иқдоми бисёр аблаҳона, ғайриқонунӣ ва бесобиқаи амрикоиҳо дар эъломи сипоҳ ба унвони як гуруҳи террористӣ ниёз ҳаст, ки ройзаниҳое сурат пазирад.
Зариф дар ҳамин росто дар дидор бо Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия дар бораи паҳлуҳои мухталифи равобити дуҷониба, муҳимтарин масоили минтақаӣ, таҳаввулоти Нурсултон ва раванди сиёсии ҳалли буҳрон дар Сурия ройзанӣ кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар дидор бо Валид Алмуъаллим ҳамтои сурии худ зимни баррасии равобити дуҷониба, таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, бар лузуми хуруҷи ҳамаи террористҳо аз Сурия ва эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии ин кишвар таъкид кард. Ин ройзаниҳо бо меҳварияти мавзӯъоти аслии мавриди таъкид дар раванди музокироти Нурсултон , шомили мубориза бо терроризм, барқарории оромиш, бозгашти оворагон ва тақвияти суботи сиёсӣ дар Сурия дунбол мешавад. Пеш аз ин низ дар гуфтугӯҳое, ки январи гузашта дар Соччи баргузор шуд, кишварҳои зомини сулҳ яъне Русия, Эрон ва Туркия бо мушорикати давлати Сурия ва мухолифон барои амалисозии шароити лозим барои иҷрои қатъномаи шумораи 2254 Шурои амнияти Созмони Миллал ба тавофуқ расиданд.
Сергей Бабориян коршиноси баландпояи масоили байналмиллалӣ мегуяд, инки имрӯз террористҳо мавзеъҳои худро дар Сурия аз даст додаанд, натиҷаи талошҳои Маскав, Теҳрон ва Анкара будааст.
Ин талошҳо дар канори муқовимати давлат ва миллати Сурия дар баробари терроризм, минтақаро аз як хатар ва тавтеъаи бузург наҷот дод, аммо лозим аст ҳамоҳангиҳо дар ҳамаи заминаҳо ҳамчунон идома ёбад. Дар ҳамин росто вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз низ дар Анкара ин ройзаниҳоро дар дидор бо мақомҳои Туркия идома медиҳад.
Ҳадафи Амрико, Исроил ва Арабистон аз таҳмили ҷанг бар Сурия, дар ҳам шикастани ҷабҳаи Муқовимат ва тарсими нақшаи наве дар ҷуғрофиёи Ироқ ва Сурия ва тағйири муодилоти сиёсӣ ва амниятии минтақа буд, аммо бо шикасти ДИИШ масири ин ҷараён тағйир кард. Ончи имрӯз дар Сурия шоҳид ҳастем, нишон аз ин воқеъият дорад, ки Амрико наметавонад бо мудохилоташ сарнавишти миллатҳои минтақаро ба тобеъе аз ҳадафҳои худ табдил кунад. Акнун бархилофи майли Амрико пирӯзиҳои бузурге дар Сурия бадаст омадааст. Бо шикасти террористҳо дар Сурия заминаи музокироти давлат бо мухолифон дар чорчуби раванди музокироти Нурсултон ва тасмимоти нишасти Соччи фароҳам шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳузури фаоли Эрон дар ин арса яке аз омилҳои муҳим дар касби ин пирӯзиҳо будааст ройзаниҳои пайвастаи Эрон дар минтақа ва дар ҳамин росто сафари Зариф ба Сурия ҳокӣ аз пуёӣ ва истимрори нақши таъсиргузори Эрон дар муодилоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ аст.
Изҳороти Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия дар дидори Муҳаммад ҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар Димишқ ишора ба ҳамин воқеъият аст. Раиси ҷумҳурии Сурия бо маҳкум кардани иқдомоти ғайримасъулонаи Амрико зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, сиёсатҳои Амрико ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ боис намешавад, ки Эрон, Сурия ва ҳампаймонони онҳо аз идомаи мутолибаи ҳуқуқ ва манофеъи миллатҳои худ даст бикашанд.