Номаи Зариф ба ҷаҳониён: Бидъати Амрико хатарнок аст
(last modified Thu, 18 Apr 2019 08:13:28 GMT )
Апрел 18, 2019 13:13 Asia/Dushanbe
  • Номаи Зариф ба ҷаҳониён: Бидъати Амрико хатарнок аст

Вазири умури хориҷаи Эрон аз давлатҳои мухталиф дар ҷаҳон хост дар баробари иқдоми Амрико дар ғунҷондани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи гурӯҳҳои террористии ин кишвар, мавзеи усулӣ, дақиқ ва мубтанӣ бар қонун интихоб кунанд.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чоршанбе дар номае ба вазирони хориҷаи кишварҳои ҷаҳон, бо ишора ба пайомадҳои хатарноки ҳуқуқӣ ва сиёсии бидъати ахири режими Амрико дар террорист номидани бахше аз нерӯи низоми расмии як давлати мустақил ва узви Созмони Милал тасреҳ кард: Ин иқдом яке аз ҷиддитарин таҳдидҳои зидди назми байналмилалӣ аст.

Таҳаррукоти давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико зидди тавофуқҳои байналмилалӣ, бетаваҷҷӯҳӣ ба қонунҳо ва ниҳодҳои байналмилаӣ, хурӯҷ аз бархе муоҳидаҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ва акнун дарҷи номи бахше аз нерӯҳои мусаллаҳи кишваре дар рӯйхати ба истилоҳ гурӯҳҳои террористӣ, нишон медиҳад иқдомоти давлати Трамп фақат зидди теъдоди маъдуде аз кишварҳо нест ва хатаре барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ аст.

Рафтори давлати кунунии Амрико ҳаракат дар масири якҷонибагароии мутлақ аст. Мунфаъил будан дар баробари иқдомоти мухриби давлати Трамп бидъати хатарнокеро дар сатҳи ҷаҳон поягузорӣ хоҳад кард ва дар ин чорчӯб ҳар кишваре мустақил ва мухолифи сиёсатҳои Амрико ҳадаф қарор мегирад.

Сиёсат ва тасмимҳои Доналд Трамп бо вуруд ба Кохи Сафед марзи хосе надорад ва ба мурури кишварҳои мухолифи худ ва мустақилро ба равишҳои мухталиф ҳадаф қарор медиҳад. Дахолати ошкори давлати кунунии Амрико дар умури дохилии кишварҳои мустақил монанди Венесуэла ва ҳушдор ба Русия ва Туркия барои тағйири рафторҳои худ,  ин нишонаро ба ҳамроҳ дорад, ки бархӯрдҳое аз ҷинси муқобила бо Сипоҳи посдорони инқилоби  исломӣ бо дигар кишварҳои мустақил муҳтамил аст.

Дар ҳамин замина рӯзномаи Глобан Таймзи Чин дар вокуниш ба иқдоми давлати Амрико зидди Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон навишт: Амрико бо суиистифода аз истилоҳи "терроризм" мекӯшад бо ин унвон кишварҳоеро, ки дӯст надорад, тазъиф кунад.

Майлз Ҳониг фаъоли сиёсии амрикоӣ якҷонибагароии Доналд Трамп раисҷумҳури Амрикоро таҳдиде барои СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дониста ва мӯътақид аст: Ин иқдомот заминасози густариши ҷангафрӯзӣ дар ҷаҳон аст.

Ғуломалии Хусрав намояндаи пешини Эрон дар СММ ҳам сиёсатҳои якҷониба ва иқдомоти ғайриқонунии давлати кунунии Амрикоро муғойир бо ҳокимияти қонун, усули ҳоким бар маншури СММ ва чандҷонибагароӣ дониста ва таъкид кардааст: Ҷомеаи байналмилалӣ бояд муқобили якҷонибагароии хатарноки Амрико биистад.