Апрел 21, 2019 21:26 Asia/Dushanbe
  • Осмони масҷиди Ҷамкарон нурборон шуд

Шанбешаб дар мелоди мунҷии олами башарият ҳазрати Маҳдӣ (а) осмони масҷиди муқаддаси Ҷамкарон (ҷануби устони Теҳрон) дар миёни фарёдҳои "Лаббайк, ё Маҳдӣ!" ҳазорон ошиқ ва дилдодаи Маҳдии мавъуд (а) нурафшонӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин маросими бошукӯҳ бо ҳузури пуршӯри ошиқон ва шефтагони Имом Замон (а), охирин мунҷии олами башарият дар саҳнҳо ва равоқҳои масҷиди муқаддаси Ҷамкарон баргузор шуд.

Вижабарномаи ҷашни мелоди ҳазрати Маҳдӣ (а), то якшанбешаб идома хоҳад дошт, ки маросими пиёдаравии асри якшанбе аз ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсума (а) ба масҷиди муқаддаси Ҷамкарон аз муҳимтарин барномаҳои рӯзи мелоди мунҷии олами башарият аст.

Имрӯз якшанбе 15 шаъбоналмуаззами соли 1440 ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо якуми урдибиҳишти 1398 ҳиҷрии шамсӣ ва 21 апрели 2019 - мусодиф бо солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати валии аср, мунҷии охируззамон - ҳазрати Имом Маҳди (а) аст.

Ҳазрати Маҳдӣ (а), фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбони соли 255 - ҳиҷрии қамарӣ дар Сомиррои Ироқ дида ба ҷаҳон кушоданд.

Дар шабу рӯзи мелоди хуҷастаи ҳазрати Маҳдӣ (а), Имоми дувоздаҳуми шиаёни ҷаҳон, Эрони исломӣ ба вижа шаҳрҳои муқаддаси Машҳад ва Қум ғарқ дар ҷашну сурур аст.

Ҳазрати Маҳдӣ (а), фарзанди Имом Ҳасани Аскарӣ (а) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбони соли 255 - ҳиҷрии қамарӣ дар Сомиррои Ироқ дида ба ҷаҳон кушоданд.

Ҳазрати Маҳдӣ (а) мунҷӣ ва наҷотдиҳандаи охируззамон аст, ки зуҳури ӯ дар ривоёти бисёре аз расули Худо (с) ва дигар бузургон ва авлиёи илоҳӣ ваъда дода шудааст, ки меояд ва ҷаҳонро аз адлу дод пур мекунад ва решаи ситамро бар меканад.