Апрел 24, 2019 19:30 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими куштии озоди Эрон дар Осиё

Тими миллии куштии озоди Эрон бо касби 10 медали тило ва бронз бар сакуи нахусти мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин истод.

Тими миллии куштии озоди Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии 2019 –и Осиё бо касби 7 медали тило ва 3 медали бронз рутбаи аввалро касб кард.

Тимҳои Ҳинд ва Қазоқистон низ ба тартиб дар рутбаҳои дувум ва севум қарор гирифтанд.

Рақобатҳои куштии бузургсолони қаҳрамонии Осиё аз рӯзи сешанбе дар шаҳри Сиани Чин оғоз шуд ва рӯзи чаҳоршанбе поён ёфт.

 

Барчасп