Апрел 26, 2019 15:27 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Давлати Трамп моҳияти хабиси Амрикоро ошкор кард

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ҷиноятҳои Амрико алайҳи мардуми Эрон дар 40 соли гузашта гуфт, моҳияти Амрико бо иқдомоти Доналд Трамп, раисҷумҳури хабиси ин кишвар барои ҳама мушаххас шуд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо маҳкум кардани иқдоми Амрико дар гунҷондани номи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳрасти гурӯҳҳои террористии ин кишвар ва тамдид накардани маофият барои харидорони нафти Эрон афзуд, қазоват дар бораи иқдомоти хабисонаи Амрикоро бояд ба уҳдаи мардуми ҷаҳон гузошт. Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ таъкид кард, тавтеаҳои Амрико алайҳи мардуми Эрон монанди ҳамеша бо шикаст мувоҷеҳ мешаванд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо маҳкум кардани иқдоми Оли Сауд дар эъдоми 37 шаҳрванди Арабистон изҳор кард, ин иқдом нанге барои Оли Сауд ва ҳомиёни он ҳамчун режими саҳюнистӣ ва Амрикост. Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ Амрико, Оли Сауд ва режими саҳюнистиро мусалласи шум муаррифӣ кард ва афзуд, ҷаҳониён Арабистон, режими саҳюнистӣ ва Амрикоро ба далели эҷоди терроризм ва куштори мардуми минтақа ҷинояткор медонанд.

Намозгузорони Теҳрон пеш аз иқомаи намози ҷумъа бо сар додани шиорҳое ҷиноёти Амрико, Оли Сауд ва режими саҳюнистиро маҳкум карданд.

 

Барчасп