Апрел 29, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар ҷамъи 9 кишвари нахусти фазоии ҷаҳон

Раиси сСзмони фазоии Эрон эълом кард, Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи 9 кишвари нахусти фазоии ҷаҳон қарор дорад.

Ба гузориши ИРНО, Муртазо Барорӣ рӯзи якшанбе дар оини гушоиши намоишгоҳ ва дастовардҳои донишкадаи "технологияҳои нав" дар донишгоҳи илму санъати Теҳрон ба ҳамкории танготанги Созмони фазоии Эрон бо донишгоҳҳои  Эрон ишора кард ва афзуд, Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз рутбаи 11 илмии ҷаҳон ва нахусти минтақаро дорад.

Раиси Созмони фазоии Эрон ҳамчунин бо баёни инки яке аз муҳимтарин барномаҳои ин созмон, такмили занҷираи арзиши фанноварии фазоӣ аст таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамакнун тавоноии тарроҳӣ ва сохти моҳвора, партобгар, истгоҳи партоб, маркази контрол, истгоҳи тасовир ва таҳлили пардозиши додаҳои моҳвораиро дорад.

Муртазо Барораӣ бар зарурати ҳузури ҷиддӣ ва муъассири бахши хусусӣ дар тавсеаи фанноварии фазоии Эрон низ таъкид кард ва гуфт, Созмони фазоии Эрон замина ва бистари лозимро барои рушд ва тавсеъаи ширкатҳои хусусӣ фароҳам хоҳад кард.