Нишасти муштаракоти таърихии Эрон ва Қазоқистон дар Машҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43399-Нишасти_муштаракоти_таърихии_Эрон_ва_Қазоқистон_дар_Машҳад
Нишасти илмӣ, тахассусии муштаракоти фарҳангӣ, таърихии Эрон ва Қазоқистон бо таъкид бар ҷуғрофиёи таърихӣ, фарҳангии Хуросони бузург, дар Машҳад баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 29, 2019 16:50 Asia/Dushanbe
  • Нишасти муштаракоти таърихии Эрон ва Қазоқистон дар Машҳад

Нишасти илмӣ, тахассусии муштаракоти фарҳангӣ, таърихии Эрон ва Қазоқистон бо таъкид бар ҷуғрофиёи таърихӣ, фарҳангии Хуросони бузург, дар Машҳад баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Чингиз Жомарт Чингизли, мушовири Сафорати Қазоқистон дар Эрон дар ин нишаст, ки рӯзи душанбе баргузор шуд гуфт, миллатҳои Эрон ва Қазоқистон аз гузаштаҳои бисёр дур бо ҳам равобити иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доштаанд.

Мушовири Сафорати Қазоқистон афзуд, баъд аз ривоҷи Ислом дар Қазоқистон, ки ба василаи эрониҳо дар қуруни гузашта рӯй дод, нуфузи фарҳанги форсӣ дар Қазоқистон афзоиш ёфт. Ба тавре, ки ҳамакнун беш аз се ҳазор луғати форсӣ дар забони қазоқӣ вуҷуд дорад ва номҳои муштарак ва идҳои муштарак мисли Наврӯз аз дигар меросҳои муштараки Эрон ва Қазоқистон аст.

Чингизли ҳамчунин бо баёни ин ки кишвараш хостори густариши равобити фарҳангӣ бо Эрон аст гуфт, Қазоқистон омодаи ҳар гуна ҳамкории фарҳангӣ бо Эрон дар заминаҳои табодули донишҷӯ- туризм ва иҷрои барномаҳои муштараки фарҳангӣ аст.