Апрел 30, 2019 13:39 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: мумониъат аз содироти нафти Эрон тасмими иштибоҳи амрикоиҳо аст

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт, мумониъат аз содироти нафти Эрон тасмими нодуруст иштибоҳи амрикоиҳо аст.

Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбе дар оини сиюмин ҷашнвораи миллии қадрдонӣ аз коргарон, гуруҳҳои кор ва воҳидҳои кори намуна дар Теҳрон афзуд, Амрико талош мекунад аз тариқи фишор ба содироти нафт нагузорад Эрон нафти худро содир кунад, то аз ин тариқ даромадҳои арзии Эрон коҳиш пайдо кунад.

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки Амрико мехоҳад ниёзмандиҳои Эрон ба воридоти бархе маҳсулот бештар шавад, таъкид кард: коргарон дар хатти муқаддами муқобила бо Амрико дар шароити кунунӣ ҳастанд.

Руҳонӣ  бо ишора ба инки амрикоиҳо дар оянда хоҳанд дид, ки Эрон содироти нафтро идома хоҳад дод, афзуд: бархе кишварҳо дар баробари фишорҳои Амрико ақибнишинӣ карданд, аммо миллати Эрон аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ то кунун дар баробари Амрико ҳамвора истодааст.

Раиси ҷумҳури Эрон таъкид кард: дар баробари фишорҳо бояд давлат ва миллат канори ҳам бошанд, зеро тавони давлат ва қудраташ дар сояи ҳимоятҳои миллат ва бозувони пуртавон ва ангуштони коргарон дар тавлид аст ва ҳарчи тавлид боло равад, рифоҳи мардум бештар мешавад ва қудрати иқтисодӣ афзоиш меёбад.

Барчасп