Гиромидошти рӯзи муъаллим дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i43467-Гиромидошти_рӯзи_муъаллим_дар_Эрон
Имрӯз панҷшанбе, дуввуми май солрӯзи шаҳодати устод шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ ва гиромидошти мақоми муъаллим дар Эрон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 02, 2019 05:58 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти рӯзи муъаллим дар Эрон

Имрӯз панҷшанбе, дуввуми май солрӯзи шаҳодати устод шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ ва гиромидошти мақоми муъаллим дар Эрон аст.

Пас аз шаҳодати устод Муртазо Мутаҳҳарӣ   исломшинос, олим ва файласуфи мавриди алоқаи фарҳехтагон дар дуввуми майи 1979 ба дасти душманон ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи муъаллим номгузорӣ шудааст.

Шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ  дар даврони таҳсил дар Қум илова бар фарогирии масоили илмӣ, дар заминаи муборизоти сиёсӣ низ фаол буд ва аз оғози Наҳзати инқилоби исломӣ, аз фаолони ин наҳзат ва аз ёрони наздики ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори кабири Эрон ба шумор меомад.

Аз вижагиҳои устод Мутаҳҳарӣ, шинохти амиқи вай аз ислом ва низ огоҳии ӯ аз масоил ва мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии асри ҳозир буд.

Андешманд  шаҳид устод Муртазо Мутаҳҳарӣ  аз 12 солагӣ ба таҳсили муқаддамоти улуми исломӣ пардохт ва барои такмили таҳсилоташ аз маҳзари асотиди барҷастае ҳамчун оятуллоҳ Бруҷирдӣ, аллома Таботабоӣ ва имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳавзаи илмияи  Қум баҳра гирифт.