Адои эҳтироми Дабири кули ОПЕК ба мақоми болои имом Хумайнӣ (раҳ)
Муҳаммед Сенуси Беркиндо Дабири кули Ниҷерияии Созмони кишварҳои содиркунандаи нафти ОПЕК ва ҳайати ҳамроҳ ҷумъа шаб бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) ба мақоми болои бунёнгузори Кабири Ҷумҳурии исломии Эрон адои эҳтиром кард.
Ба гузориши ИР НО Дабири кули ОПЕК ва ҳайати ҳамроҳ бо нисори тоҷи гул ба пешгоҳи бунёнгуҳори Кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, ёд ва хотироти имом Хумайнӣ (раҳ) ро гиромӣ доштанд.
Дабири кули ОПЕК пеш аз ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба Қум ҷануби устони Теҳрон сафар ва дар намози ҷумъаи ин шаҳри муқадас ширкат кард.
Муҳаммед Сенуси Беркиндо дар шаҳри Қум ҳамчунин бо оятуллоҳ Аҳмад Ҷаннатӣ раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ дидор ва гуфтугу кард.
Раиси маҷлиси хубрагони раҳбари дар ин дидор ба Дабири кули ОПЕК тавсия кард зимни ошноӣ бо шахсияти имом Хумайнӣ (раҳ) аз мавозеъи Эрон дар баробари истикбори ҷаҳонӣ дифоъ кунад.
Оятуллоҳ Ҷаннатӣ ошно шудан бо шахсияти Раҳбари муаззами Инқилоби исломиро низ мавриди таъкид карор дод ва гуфт ; ишон ҳам дар хусуси истиқомат ва муқобила бо душман ҷонишини солиҳи имом Хумайнӣ (раҳ ) ҳастанд.
Раиси маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ҳамчунин бо ишора ба ин,ки миллати Эрон, муқовиматро аз имом Хумайнӣ (раҳ ) дарс гирифтааст тасриҳ кард ин муқовимат сабаб шудааст,ки миллати Эрон дар баробари ҳамаи таҳримҳои золимонаи Амрико биистад ва қудрати худро ҳифз кунад.
Дабири кули ОПЕК низ дар ин дидор хитоб ба Оятуллоҳ Ҷаннатӣ гуфт; шумо сунбули умедворӣ барои уммати ислом ва ҷаҳон ҳастед.
Муҳаммед Сенуси Беркиндо бо таъкид бар ин,ки ба тамоми насиҳатҳои оятуллоҳ Ҷаннатӣ таваҷуҳ хоҳад кард аз раиси Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ хост барои вай ва Созмони ОПЕК дуо кунад.
Дабири кули ОПЕК ҳамчунин ибрози умедворӣ кард миллати Эрон дар осоиш ва оромиш бошанд.
Беркиндо рӯзи панҷшанбе барои ширкат дар бистучорумин Намоишгоҳи байналмиллалии нафт, газ полоиш ва петрошимии Эрон вориди Теҳрон шуд.