Таъсиси бузургтарин Созмони байналмиллалии гардишгарии Ҳилол бо мушорикати Эрон ва Ҳинд
Бузургтарин Созмони байналмиллалии гардишгарии Ҳилол, нахустин бор дар ҷаҳон,бо ба ҳампайвастани ду ширкати Си Ти Вони Эрон ва С Рам М Рам и Ҳинд бо сармоягузории муштараки як миллиард доллар таъсис шуд.
Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Садо ва симо; Муҳаммад Шариф Маликзода раиси ҳайатмудираи Си Ти Вон и Эрон дар ҳошияи имзои таъсиси бузургтарин Созмони байналмиллалии гардишгарии Ҳилол дар Куала Лумпур гуфт; бо ташкили Созмони байналмилаллии гардишгарии Ҳилол, таи се моҳи оянда бузургтарин сомонаи маҷозии ҳуши маснуъии тиҷорати электроникӣ, хадамот ва маҳсулоти мутанавеъи Ҳилол ба гардишгарони саро сари ҷаҳон арза хоҳад шуд.
Маликзода тасриҳ кард; эҷоди ин Созмони ҷаҳонӣ ба мушорикати Ҳинд ва Эрон сабаби шигефтии фаъолони Санъати ғизои ҳалоли Малайзӣ шуд зеро ин кишвар фақат дар ҳавзаи санъати ғизо фаъолият дорад аммо Созмони тоза таъсис шуда дар 22 ҳавзаи густарда фаъолият дорад.
Раиси ҳайатмудираи Си Ти Вон и Эрон ҳамчунин аз сабти ҷаҳонии гардишгарии Ҳилол дар Иттиҳодияи Аврупо Иттиҳодияи Африқо, кишварҳои Ғарби Осиё, кишварҳои Мустақили Ҳамсуд CIS ва ҳамаи кишварҳо дар Созмони Ҷаҳонии Моликияти Маънавии ( Войпу ) хабар дод ва афзуд; бо оғози фаъолияти ин маҷмуъа, ба таври мустақим беш аз сад ҳазор шуғл эҷод мешавад.