Вокуниши Эрон ба иддаоҳои Арабистон
(last modified Sun, 18 Sep 2016 06:55:25 GMT )
Сентябр 18, 2016 11:55 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба иддаоҳои Арабистон

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал иддаои режими Оли Саудро дар бораи ирсоли силоҳ аз сӯйи Эрон ба Яман рад кард.

Дафтари намояндагии доимии Эрон дар Созмони Милал бо судури баёнияе иддаоҳои режими Арабистон, ки Эронро муттаҳам ба ирсоли аслиҳа ба Яман ва нақзи Қатъномаи №2216-и ин шӯро карда буд, бепоя хонда тасреҳ кард, ҳадафи Риёз аз ин иқдомот сарпӯш гузоштан бар ҷиноёти худ дар Яман аст.

Дар идомаи ин баёния омадааст: "Арабистони Саудӣ беш аз 1,5 сол аст, дар як ҷанги густурда, нобаробар ва бемантиқ алайҳи мардуми Яман ҷиноёти ғайриқобили инкоре алайҳи ғайрнизомиён, кӯдакон ва занони бедифои ин кишвар муртакиб шудааст". Ҳамчунин дар он гуфта мешавад: "Ҳайратовар аст, ки Арабистон дар ҳоле ки дар ҷанг бо мардуми Яман даҳҳо миллиард доллар силоҳ харидорӣ ва алайҳи ин мардум истифода мекунад, дар бораи корбурди силоҳ дар Яман ба Шӯрои амният шикоят кардааст".

Дар поёни ин баёния таъкид шудааст: "Ҷумҳурии Исломии Эрон эътиқоде ба роҳкори низомӣ дар Яман надошта, ҳамвора хостори поёни мунозиа ва ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ ва руҷӯъ ба роҳкорҳои қонунию мусоламатомез будааст".