Май 08, 2019 10:05 Asia/Dushanbe
  • Накӯкории пизишки тоҷикистонӣ дар таъмини харҷи дармони кӯдаки афғон

Пизишки тоҷикистонӣ ба ҳамроҳи ҳамкори эрониаш дар бемористони Имом Алӣ (а)-и шаҳри Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон харҷи дармони як кӯдаки шашсолаи афғонро пардохт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин кӯдаки шашсолаи афғонистонӣ, ки ҳуҷҷате надошт ва таҳти пӯшиши бимае ҳам набуд, барои дармони шикастагии рон ба бемористон муроҷиат кардаву бистарӣ шуда буд, аммо хонаводааш тавони пардохти харҷи дармонро, ки беш аз 1100 доллар (муодили 17 миллион туман пули эронӣ) буд, надошт.

Доктор Масрур Қосимов, пизишки мутахассиси тоҷикистонӣ, ки дар бемористони Имом Алӣ (а)-и Чобаҳор машғули хидмат аст, пас аз касби иттилоъ аз нотавонии молии хонаводаи ин кӯдак ба ҳамроҳи ҳамкори эрониаш доктор Шаҳриёри Нурмуҳаммадӣ беш аз 730 доллар (11 миллион туман) аз харҷи дармони ин духтари афғонро пардохт карданд.

Бемористони Имом Алӣ (а) -и Чобаҳор низ таъмини боқимондаи харҷи дармони ин беморро бар ӯҳда гирифт.