Май 10, 2019 16:01 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Туркия ва Ироқ бо таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Нахуствазири Ироқ гуфт, ки кишвараш бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ҳамроҳӣ намекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, нахуствазири Ироқ дар дидори муштарак бо сафирони Англия, Фаронса ва Олмон дар Бағдод афзуд: Ин кишвар намехоҳад вориди ҳар гуна меҳварбандӣ алайҳи кишвари хос шавад ва аз ҳар гуна танишзудоӣ дар минтақа ҳимоят мекунад.

Одил Абдулмаҳдӣ гуфт: Ироқ дар айни ҳол бар равобити худ  бо Эрон ва Амрико таъкид ва аз ҳар гуна танишзудоӣ дар минтақа ҳимоят мекунад.

Ин мақоми ироқӣ бар авлавияти гуфтугӯ барои ҳалли бӯҳронҳо таъкид кард.

Хабаргузории Форс низ гузориш дод, ки Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия гуфтааст,ки таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба зарари ҳамаи минтақаи ғарби Осиёст.

Вазири умури хориҷаи Туркия дар вокуниш ба иқдомот ва таҳримҳои зиддиэронии Амрико гуфт: Эрон кишвари ҳамсояи мост ва ҳар таҳриме алайҳи ин кишвар на танҳо ба Эрон, балки ба ҳамаи минтақа зарар хоҳад расонд.