Помпео: Вашингтон ба дунболи ҷанг бо Эрон нест
(last modified Fri, 10 May 2019 12:30:54 GMT )
Май 10, 2019 17:30 Asia/Dushanbe
  • Помпео: Вашингтон ба дунболи ҷанг бо Эрон нест

Вазири умури хориҷаи Амрико зимни такрори иддаоҳои беасос алайҳи Эрон унвон кард, ки Вашингтон ба дунболи ҷанг бо Эрон нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Майк Помпео дар баёнияе дар вокуниш ба иқдоми Эрон дар мавриди БАРҶОМ ин кишварро ба "иқдомоти таҳдидомез" муттаҳам кард ва гуфт: Ҳамон тавр, ки Доналд Трамп гуфта, ӯ мунтазири рӯзе аст, ки бо мақомҳои Эрон мулоқот кунад, то ду тараф ба тавофуқ даст ёбанд.

Мақомоти Амрико дар ҳоле аз музокира ва тавофуқ сухан мегӯянд, ки ин кишвар 8 майи 2018 дар як аҳдшикании ошкор  аз тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ хориҷ шуда ва дар ин як сол шадидтарин таҳримҳоро алайҳи зиндагии рӯзмарраи Эрон ба иҷро гузоштааст.

Маҷиди Тахтиравончӣ, намояндаи доими Эрон дар СММ дар мусоҳиба бо шабакаи NBC News, дар посух ба пурсише дар бораи изҳори тамоюли Трамп ба музокира бо Эрон гуфт: Нахустин суоле, ки ӯ бояд ҷавоб диҳад он аст, ки чаро мизи музокира ва тавофуқро тарк кард.

 

Барчасп