Май 12, 2019 19:08 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Туркманистон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ-иқтисодӣ озими Ашқобод, пойтахти Туркманистон мешавад.

Ба гузориши Маркази дипломатии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон имрӯз (якшанбе) дар Ашқобод бо мақомоти аршади Туркманистон дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба, аз ҷумла дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, энергетика, гумрук ва ҳамчунин таҳаввулоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.

Бар асоси ин гузориш, сафари вазири умури хориҷаи Эрон ба Туркманистон дар чорчӯби ройзаниҳо ва машваратҳои ду кишвар анҷом мешавад.