Май 13, 2019 14:26 Asia/Dushanbe
  • Зариф; Эрон барои густариши робитаҳо бо Туркманистон омодагӣ дорад.

Вазири умури хориҷаи Эрон,омодагии Теҳронро барои густариши беш аз пеши робитаҳо бо Туркманистон эълом кард.

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазириумури хориҷаи Эрон имрӯз ( душанбе) дар дидори Рашид Мередов вазири умури хориҷаи Туркманистон  дар Ашқобод гуфт ; иштирокоти Эрон ва Туркманистон беш аз ҳамсоягӣ аст.

 Рашид Мередов  вазири умури Туркманистон низ дар ин дидори сафари Зариф ба Ашқободро бисёр муҳим ва ба мавқеъ арзёби кард ва афзуд; Туркманистон иродаи сиёсӣ барои густариши робита бо Эрон дорад.Ҳамкорӣ дар маҷомеъ ва Созмонҳои байналмиллалӣ, масоили минтақаӣ ба вижа дар хусуси Афғонистон баргузории камисиюуни  муштараки иқтисодии ду кишвар, сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Эрон, ҳамкориҳои транзитӣ ва рейлӣ, ҳамкорӣ дар ҳавзаи Энержӣ ва барқ, атбоъи зиндонӣ дар ду кишвар ва дарёи Хазар аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Туркманистон буд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон,ки дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ, қтисодӣ ба Ашқобод пойтахти Туркманистон сафар кардааст, субҳи имрӯз ( душанбе ) низ бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии Туркманистон дидор ва гуфтугӯ кард.