15-уми май – Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ
Имрӯз, 25-уми урдибиҳишт, баробар бо 15-уми май Рӯзи ҷаҳонии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамосасаро ва шоири бузурги форсу тоҷик аст.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги форсу тоҷик дар соли 329-и ҳиҷрии қамарӣ, 940-и милодӣ дар шаҳри Тӯс, дар шимолу шарқи Эрон ба дунё омад. Табъ ва завқи шоирӣ, шӯру дилбастагии Фирдавсӣ ба зинда кардани мафохири миллии Эронзамин боиси ба вуҷуд омадани шоҳкории бузург ба номи “Шоҳнома” шуд. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, ки наздик ба панҷоҳ ҳазор байт дорад, маҷмӯае аз достонҳои миллию таърихи бостонии подшоҳони қадим ва паҳлавонони бузурги Эрон аст, ки паҳлавониҳои онҳоро ҳамроҳ бо фатҳу зафар ва мардонагию шуҷоат ва диндорӣ тавсиф мекунад. Фирдавсӣ, бегумон, бузургтарин шоири порсигӯй аст ва “Шоҳнома”-и ӯ арзандатарин шоҳкори ҷовдонаи забон, андеша ва фарҳанги форсу тоҷик аст, ки бисёре аз пажӯҳишгарон онро бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон хондаанд.
Ҳамасола дӯстдорони Фирдавсӣ дар анҷуманҳо ва маҳофили мухталифи адабӣ дар саросари ҷаҳон маросими гуногун ва пуршуморе барои бузургдошти ин шоири порсигӯ баргузор мекунанд.
Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бо интишори акс ва матне дар саҳифаи шахсии худ дар Истаграм ёду номи ҳамосасарои номдори Эрон ҳаким Абулқосими Фирдавсиро гиромӣ дошт.