Имзои тафоҳумномаи ҳамкории молӣ байни Эрон ва Қазоқистон
Раиси кулли Девони муҳосиботи Эрон ва раиси Кумитаи муҳосибот ва назорат бар иҷроии буҷаи Қазоқистон тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба нақл аз ИРНА дар дидори Одил Озар раиси кулли Девони муҳосиботи Эрон ва Наталия Гвандава раиси Кумитаи муҳосибот ва назорат бар иҷроии буҷаи Қазоқистон дар шаҳри Нурсултон пойтахти ин кишвар,ду тараф бо баррасии роҳҳои тавсиъаи ҳамкорӣ ва табодули таҷрибиёт, дар заминаи ҳисобрасии давлатӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Эҷоди чорчуби қонунӣ барои табодули иттилоот,эҷоди низоми пайгири ва гузоришдиҳӣ барои иҷроии тавсиъаҳои ҳисобрасии давлатӣ, густариши ҳамкории дуҷониба ва тавсиъаи ҳамкорӣ дар чорчуби Созмони байналмиллалӣ аз бандҳои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Девони муҳосиботи Эрон ва Кумитаи муҳосибот ва назорат бар иҷроии буҷаи Қазоқистон аст.
Раиси кулли Девони муҳосиботи Эрон ба даъвати ҳамтои Қазоқи худ ҷиҳати ширкат дар давоздаҳумин ҳамоиши иқтисодии Остона ба шаҳри Нурсултон сафар кард.
Давоздаҳумин ҳамоиши иқтисодии Остона бо шиори Рушди илҳомбахш; мардум, шаҳрҳо ва иқтисодҳо бо ҳузури мақомоти олирутбаи Қазоқистон ва 74 кишвар ва ҳамчунин намояндагони Созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақаӣ рӯзҳои пнҷшанбе ва ҷумъа (16 ва 17 май ) дар шаҳри Нурсултон баргузор шуд.