Бузургдошти Хайёми Нишопурӣ дар зодгоҳаш
(last modified Sat, 18 May 2019 14:33:51 GMT )
Май 18, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Бузургдошти Хайёми Нишопурӣ дар зодгоҳаш

Бузургдошти рӯзи миллии ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ бо ҳузури муовини Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарии Эрон дар шаҳри Нишопур баргузор шуд.

Ҳусайн Арбобӣ, муовини Созмони мероси фарҳангии Эрон дар ин маросим гуфт, Нишопур шаҳре аст, ки бузургоне ҳамчун Хайём ва Аттор дар он мутаваллид шуда ва зистаанд.

Арбобӣ афзуд, Нишопур бо доштани ин мафохиру машоҳир ва донишмандон, маншури ҳунар, ҳикмат, ирфон, фалсафа, адабиёт ва риёзиёт аст.

Дар ин маросим, ки ҷамъи зиёде аз мардуми шаҳри Нишопур ҳузур доштанд, оромгоҳи ҳаким Умари Хайём гулборон шуд.

Шеърхонии шоирон, рӯнамоӣ аз тембри ёдбуди рӯзи миллии Хайёми Нишопурӣ, муноҷотхонӣ ва найнавозӣ аз дигар барномаҳои ин маросим буд.

28 урдибиҳишт - рӯзи таваллуди ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ дар тақвими расмии Эрон, ба номи рӯзи миллии бузургдошти ин ҳаким ва шоири бузург номгузорӣ шудааст.

Ҳакими бузурге, ки агарчӣ ба рубоиёташ шӯҳраи ҷаҳон шуд, аммо дар риёзиёт ва нуҷум низ ба илми рӯзгори худ ва ҳатто рӯзгори мо бисёр афзудааст.

Ӯ агарчӣ дар даврони ҳаёти пурбаракати худ беш аз 200 рубоӣ насуруда, аммо дар шеър овозае ҷаҳонӣ ёфтааст.

Ҳамчунин ба поси хадамоти илмии ин фарзонаи рӯзгор, дар лабаи ғарбии моҳ даҳонае ба қутри 70 километр қарор гирифта, ки ба номи Умари Хайём, риёзидон, ситорашинос ва шоири форсизабон номгузорӣ шудааст.