Мақоми СММ: Хадамоти Эрон дар ҳавзаи муҳоҷирон мисолзаданӣ аст
Намояндаи Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфт: Хадамоти Эрон дар ҳавзаи атбоъ ва муҳоҷирон мисолзаданӣ аст.
Ба гузориши ИРНА, Иво Фрейжен, намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи якшанбе дар шаҳри Кирмон (ҷануби Эрон) бо тамҷиди иқдомоти Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи муҳоҷирон афзуд: Давлат ва мардуми Эрон дар ҳавзаи муҳоҷирон кори бузурге анҷом медиҳад.
Фрейжен ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон тасреҳ кард: Ҷомеаи байналмилалӣ дар ин масъалаи хос набояд Эронро танҳо гузорад.
Намояндаи Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон ҳамчунин бар густариши ҳамкорӣ бо Эрон таъкид кард.
Бар асоси гузориши моҳи июли соли 2017 Комиссариати олии паноҳандагони СММ, ҳудуди як миллион муҳоҷири номнависишудаи афғон (қонунӣ) дар Эрон зиндагӣ мекунанд.
Ҳудуди ду миллион овораи афғон низ ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни ҳуҷҷати шиносоӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд.