26 донишгоҳи Эрон дар ҷамъи 963 донишгоҳи бартари ҷаҳон
Сарпарасти пойгоҳи Истинодии улуми ҷаҳони Ислом гуфт, бар асоси низоми рутбабандии “Лойден” ва натоиҷи рутбабандии донишгоҳҳои бартари ҷаҳон дар соли 2019 –и мелодӣ 26 донишгоҳи Эрон дар ҷамъи 963 донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ низоми рутбабандии "Лойден" -ро яке аз низомҳои муътабари арзёбии донишгоҳии ҷаҳон донист ва афзуд, бар асоси ин низоми рутбабандӣ дар соли 2019, донишгоҳҳои дунё дар 20 шохис, дар қолаби чаҳор меъёри куллии марҷаъияти илмӣ, ҳамкории илмӣ, дастрасии озод ба интишорот ва танаввуи ҷинсиятӣ рутбабандӣ шуданд.
Сарпарасти пойгоҳи Истинодии улуми ҷаҳони Ислом изҳор дошт, Эрон ҳамчун солҳои гузашта дар байни кишварҳои исломӣ рутбаи нахустро ба лиҳози теъдоди донишгоҳҳои бартар дар ихтиёр дорад.
Деҳқонӣ афзуд, дар рутбабандии соли 2019 –и “Лойден” Туркия бо 20 донишгоҳ, Малайзия ва Миср ҳар кадом бо 5 донишгоҳ, Арабистон 4 донишгоҳ, Покистон ва Тунис ҳар кадом бо 2 донишгоҳ ва Лубнону Қатар низ бо як донишгоҳ дар рутбабандии соли 2019 ҳузур доштаанд.