Май 23, 2019 16:32 Asia/Dushanbe
  • Машварати Эрон ва Русия дар бораи тозатарин таҳаввулоти ғарби Осиё

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав ва муовини вазири умури хориҷаи Русия, тозатарин таҳаввулоти ғарби Осиёро баррасӣ карданд.

Дар дидори Маҳдии Саноӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав бо Сергей Вершинин, муовини вазири хориҷаи Русия дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бавижа дар Сурия ва Яман, табодули назар шуд.

Сафири Эрон дар Русия пеш аз ин дидор, бо Сергей Рябков аз дигар муовинони вазири умури хориҷаи Русия ва музокиракунандаи аршади ҳастаии ин кишвар низ гуфтугӯ кард.

Русия яке аз тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон аст, ки ҳамвора аз он дифо карда ва хостори мондани Эрон дар ин тавофуқ ба вуҷуди хурӯҷи ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико будааст.

Эрон ва Русия дар Сурия низ ҳамкориҳои наздике доранд ва аз чанд сол қабл бо даъвати расмии давлати қонунии Сурия барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ ба ин кишвар пайвастанд.

 

 

Барчасп