Май 24, 2019 15:28 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Хуррамшаҳр - намоди муқовимати мардуми Эрон аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон озодсозии Хуррамшаҳрро намоди муқовимат, шуҷоат ва ғайрати мардуми Эрон унвон кард.

Имрӯз (ҷумъа), севуми хурдод (24 –уми май) солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр дар ҷануби ғарби Эрон, дар соли 1982 аст. Ин шаҳр пас аз 578 рӯз аз ишғоли режими баъси Ироқ озод шуд.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, муҷоҳидати размандагони Эрон дар озодсозии Хуррамшаҳр боиси буҳту ҳайрати коршиносони низомии ҷаҳон шуд.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳамчунин бо ишора ба рӯзи ҷаҳонии Қудс (охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон) гуфт, рӯзи Қудс намози ваҳдат ва иродаи уммати исломӣ ва рӯзи ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин аст, ки бо хуни худ ба дифоъ аз қиблаи нахусти мусалмонон мепардозанд.

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс ном‎гузорӣ шудааст.

Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс - ҷумъаи оянда, 31 –уми майи соли 2019, баробар бо 26 –уми Рамазони 1440 –и ҳиҷрии қамарӣ, ҳамзамон бо Эрон дар дигар кишварҳои ҷаҳон баргузор мешавад.