Май 25, 2019 14:47 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Зариф дар Исломобод ва Бағдод, депломасии осиёии Теҳрон дар чорчуби таҳаввулоти минтақа

Ройзаниҳои осиёии вазири умури хориҷаи Эрон пас аз гуфтугӯҳои рӯзи ҷумъаи Зариф бо мақомоти Покистон дар Исломобод, қарор аст имрӯз шанбе бо дидор аз Ироқ идома ёбад.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи ҳадафҳои ин сафарҳо гуфтааст, акнун, ки минтақа шароити бисёр душвореро мегузаронад ва иқдомоти хатарноке дар минтақа шакл мегирад ниёз аст машваратҳо бо ҳамаи ҳамсоягон анҷом шавад ва ин сафарҳо дар ҳамин росто аст.

Ин мавзӯот дар дидорҳои Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон бо Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ вазири умури хориҷа, Асад Қайсар раиси маҷлиси миллии Покистон  ва ҳамчунин дар музокирот бо Қамар Ҷовид Баҷва фармондеҳи неруи заминии артиши Покистон баррасӣ шуд.

Нигоҳе ба сиёсатҳои зӯргӯёнаи Амрико нишон медиҳад давлати Амрико саъй дорад зӯргӯиро ҷойгузини депломасӣ ва таҳрим ва якҷонибагароиро ҷойгузини равобити озоди тиҷорати ҷаҳонӣ ва чандҷонибагароӣ кунад. Истифодаи Амрико аз абзори таҳрим алайҳи Чин, Русия ва ҳатто Иттиҳодияи Аврупо нишон медиҳад, ки агар ҷомеаи байналмиллалӣ иҷоза диҳад ин равиш идома ёбад, низоми иртибототи ҷаҳонӣ дар ихтиёри ашхосе қарор мегирад, ки ба ҳеҷ қонуне пойбанд нестанд.

Ба ҳамин хотир на фақат кишварҳои минтақа, балки ҷомеъаи байнамиллалӣ ногузир аст барои ҳифзи амнияти ҷаҳонӣ ва манофеи худ бо ҳанҷоршиканиҳои Амрико муқобила кунанд.

Нузари Шафиъӣ коришноси масоили байналмиллал дар арзёбии шароити кунунӣ ва зарурати тақвияти равобти минтақаии Эрон мегуяд, Эрон бояд ҳамчунон дар ростои густариши иртибототи худ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ба хусус ҳамсоягон аз тамоми тавон ва зарфияти худ истифода кунад, ки ин муҳим ҳам дар ростои депломасии иқтисодӣ қобили тафсир ва таҳлил аст ва ҳам дар қолиби депломасии мутавозин бо ҳамаи нуқоти ҷаҳон қобили ирзёбӣ аст.

Покистон ва Ироқ низ ҳар ду аз кишварҳои ҳамсояи Эрон ҳастанд ва дидгоҳи Эронро дар бораи амнияти ҷамъӣ дар минтақа ва зарурати ҳамкории иқтисодӣ комилан дарк мекунанд.

Нақши мусташории Эрон дар кумак ба Ироқ барои мубориза бо ДИИШ ва терроризм ва ҳамчунин ҳамкориҳои марзии Эрон бо Покистон ва тавофуқоте, ки ҳадафи он пешгирӣ аз ҳодисаҳои ногувори террористӣ дар марзҳои муштараки ду кишвар аст ҳокӣ аз аҳамияти чунин ҳамкориҳоест, ки ба нафъи ҳамаи миллатҳои минтақааст.

Чолишҳои амниятӣ дар минтақа беш аз онки маншаи дохилӣ дошта бошад натиҷаи мудохилаҳои Амрико ва таҳаррукоти нобихирадонаи бархе кишварҳо дар ҳамсӯӣ бо моҷароҷӯиҳои Трамп дар минтақааст. фоҷеаҳое ҳамчун бамборони занон ва кудакони бегуноҳ дар Яман ва идомаи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Фаластин ва тарҳҳои амрикои-саҳюнистӣ аз ҷумла тарҳи мавсум ба "Муомилаи қарн", ки талоше барои нобудии ормонҳои миллати Фаластин аст аз масоиле ҳастанд, ки бояд ба онҳо хотима дода шавад.

Ғарби Осиё акнун дар масири буҳрони тозае қарор гирифтааст. Сиёсатҳои хатарноки Амрико дар минтақа ва мухтал кардани амнияти киштиронӣ дар Халиҷи Форс ва баҳри Уммон таҳдиде барои амнияти ҳамаи Осиё аст. Дар чунин вазъияте кишварҳои минтақа ба ҳамкорӣ ва машварат ва таомули ҷиддӣ барои ҳифзи субот ва  амният ниёз доранд. Вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳамин росто 12 майи 2019 сафари давраии осиёии худро аз Туркманистон оғоз кард ва сипас ба Ҳинд, Жопон ва Чин рафт.

Оморҳо нишон медиҳанд, ки бештарин тақозои энержӣ дар ҷаҳон мутаъаллиқ ба Осиё аст ва Эрон низ яке аз кишварҳои муҳимми таъминкунандаи энержӣ аст. Эрон ҳамчунин пули иртиботӣ ва транзитӣ байни шарқ ва ғарби Осиё бо Аврупо ва дигар нуқоти ҷаҳон аст. Амрико аммо бо сиёсатҳои якҷониба ва таҳримҳои хилофи ҳуқуқи байналмиллал дар паи эҷоди ихтилол дар раванди ин ҳамкориҳои роҳбурдӣ аст.

Муқобила бо ин коршиканиҳо ва дафъи таҳдидҳо аз минтақа металабад, кишварҳои осиёӣ бо ҳамгароии сиёсӣ-иқтисодӣ ва амниятӣ монеъ аз идомаи танишсозии Амрико дар минтақа шаванд. Ройзаниҳои Зариф бо кишварҳои осиёӣ аз ин дидгоҳ фурсате барои ҳамандешӣ дар бораи ин масъалаи муҳим аст.