Июн 01, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи барқ

Вазири нерӯи Ҷумҳурии исломии Эрон аз густариши ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи барқ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА Ризо Ардакониён вазири нерӯи Эрон асри рӯзи ҷумъа дар дидор бо Сироҷиддин Меҳриддин, Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон бо ишора ба зарфияти болои барқи ин кишвар дар ҷаҳон гуфт; Эрон омодагӣ дорад то роҳи транзити энержии худро дар ихтиёри Тоҷикистон қарор диҳад.

Ризо Ардакониён дар ин дидор бар зарурати тавсиъаи робитаҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон таъкид кард ва афзуд; робитаҳои ду кишвар дорои иртиботи роҳбурдӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа вориди Теҳрон шуд.

Барчасп