Руҳонӣ:Эрон ҳеҷгоҳ дар баробари қудратҳои зургӯ таслим намешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44186-Руҳонӣ_Эрон_ҳеҷгоҳ_дар_баробари_қудратҳои_зургӯ_таслим_намешавад
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шанбешаб бо таъкид бар инки эрониён ҳеҷгоҳ дар баробари қудратҳои зургӯ таслим нахоҳанд шуд гуфт, миллати Эрон аҳли мантиқ ва музокира бо касе аст, ки бо эҳтиром сари миз биншинад на инки фармони музокира содир кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 02, 2019 04:39 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ:Эрон ҳеҷгоҳ дар баробари қудратҳои зургӯ таслим намешавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шанбешаб бо таъкид бар инки эрониён ҳеҷгоҳ дар баробари қудратҳои зургӯ таслим нахоҳанд шуд гуфт, миллати Эрон аҳли мантиқ ва музокира бо касе аст, ки бо эҳтиром сари миз биншинад на инки фармони музокира содир кунад.

Ба нақл аз Пойгоҳи иттилоърасонии раёсат ҷумҳурӣ, Ҳасани Руҳонӣ дар дидор бо варзишкорон ва қаҳрамонони миллии Эрон ба таҳримҳо ва фишорҳои Амрико алайҳи Эрон ишора кард ва гуфт, амрикоиҳо бо муҳосиботи иштибоҳ ва ғалат фикр мекарданд дар муддати чанд моҳ метавонанд миллати бузурги Эронро ба зону дароваранд, аммо миллати Эрон бо истиқомат, истодагӣ ва муқовимати душманро қадам ба қадам ақиб ронд.

Раиси Ҷумҳурии Эрон  бо таъкид бар инки Амрико наметавонад Эронро ба зону дароварад таъкид кард, Эрон қатъан пирӯзи майдони мубориза бо душман аст.

Амрико баъд аз хуруҷ аз БАРҶОМ корзории ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо нақзи таъаҳудоти Вашингтон зейли БАРҶОМ, кишварашро аз ин тавофуқи байнамиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.