Севвумин пирӯзии тими волейболи Эрон дар Лигаи миллатҳо
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44201-Севвумин_пирӯзии_тими_волейболи_Эрон_дар_Лигаи_миллатҳо
Тими миллии Эрон дар севвумин мусобиқаи худ дар Лигаи миллатҳои волейболи 2019 бо натиҷаи 3 бар сифр аз садди Олмон гузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 02, 2019 12:10 Asia/Dushanbe
  • Севвумин пирӯзии тими волейболи Эрон дар Лигаи миллатҳо

Тими миллии Эрон дар севвумин мусобиқаи худ дар Лигаи миллатҳои волейболи 2019 бо натиҷаи 3 бар сифр аз садди Олмон гузашт.

Ба гузориши ИРНА, волейболбозони эронӣ рӯзи гузашта дар Чин ба масофи Олмон рафтанд ва ин тимро ҳам монанди Италия ва Чин аз пеши рӯ бардоштанд.

Эрон бо пирӯзӣ дар ин мусобиқа 9 имтиёзи комил аз бозиҳои ҳафтаи нахусти лЛигаи миллатҳоро тасоҳуб кард.

Тими миллии волейболи Эрон 7 июн бояд дар Ҷопон ба масофи тими Бразилия биравад. Рақобаитҳои Лигаи миллатҳо бо ҳузури 16 тим дар ҳоли баргузорӣ аст.