Июн 04, 2019 16:20 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи иртиҳоли Имом Хумайнӣ, бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон

Имрӯз, сешанбе, чаҳордаҳуми хурдоди соли 1398-и ҳиҷрии шамсӣ, (бисту нуҳуми Рамазони соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, чаҳоруми июни соли 2019-и милодӣ) мусодиф бо сиюмин солрӯзи реҳлати ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

30 сол пеш дар ин рӯз Рӯҳуллоҳ Мусавии Хумайнӣ (раҳ.), раҳбари кабири Инқилоби Исломии Эрон, пас аз 87 соли зиндагии пурталош ва хастагинопазир чашм аз ҷаҳон фурӯ баст ва ба дидори Ҳақ шитофт.

Имом Хумайнӣ (раҳ.) муборизоти худро аз соли 1342-и ҳиҷрии шамсӣ бо режими истибдодии шоҳ ва мудохилоти Амрико дар Эрон оғоз карда, тавассути режими шоҳ ба Туркия ва сипас ба Ироқ табъид шуд. Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар муддати сездаҳ соли табъид дар Ироқ илова бар тарбияти шогирдони бисёр ба ифшогарии моҳияти фосиди режими шоҳ ва хостаҳои номашрӯи Амрико дар Эрон пардохт ва бо судури эъломияҳои рӯшангар заминаҳои пирӯзии Инқилоби Исломиро фароҳам кард. Пас аз авҷгирии мубориза ва ҳиҷрати имом ба Фаронса ва сипас бозгашти шукӯҳмандонаи эшон ба Эрон Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1357-и ҳиҷрии шамсӣ ба пирӯзии ниҳоӣ расид. Пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо вуҷуди тавтеаҳои қудратҳо ва душманони дохилию хориҷии инқилоб, аз ҷумла ҷанги таҳмилии режими баъси Ироқ алайҳи Эрон Имом Хумайнӣ (раҳ.) дар шароити сахту душвори он давра мардуми Эронро бо дирояту шуҷоат раҳбарӣ кард.

Асри имрӯз, соат 17:30 (ба вақт Теҳрон) маросими иртиҳоли Имоми Хумайнӣ (раҳ.) дар марқади мутаҳҳари эшон бо ҳузури густардаи мардум аз саросари Эрони исломӣ ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва бо суханронии Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ баргузор мешавад.

 

Барчасп