Июн 04, 2019 19:38 Asia/Dushanbe
  • Маросими солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ дар Теҳрон

Маросими сиюмин солгарди иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, гурӯҳҳои мухталифи мардум, ошиқон ва алоқамандони он раҳбари бузург дар ҷавори марқади мутаҳҳари эшон оғоз шуд.

Теъдоди зиёди ҳаводорони Имом Хумайнӣ дар ҳарами мутаҳҳари эшон ҳузур ёфтаанд, то ёду хотираи Раҳбари кабири Инқилоби Исломиро гиромӣ доранд.

Ҳазрат оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар маросими солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ.) суханронӣ мекунанд.

Беш аз 350 хабарнигори дохилию хориҷӣ маросими солгарди иртиҳоли бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломиро пӯшиши хабарию расонаӣ медиҳанд.

Имрӯз, сешанбе, чаҳордаҳуми хурдоди соли 1398-и ҳиҷрии шамсӣ, (бисту нуҳуми Рамазони соли 1440-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо чаҳоруми июни соли 2019-и милодӣ) мусодиф бо сиюмин солгарди иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ба ҳамин муносибат ҳамасола дар марқади мутаҳҳари эшон бо ҳузури густурдаи мардум аз саросари Эрон ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон маросими вижаи иртиҳол баргузор мешавад.