Июн 04, 2019 21:44 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Хоманаӣ: Хусусияти таърихсози ҳазрати Имом Хумайнӣ муқовимат буд

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ муҳимтарин хусусияти ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.)-ро, ки эшонро дар ҳайати як тафаккур, андеша ва як роҳ матраҳ кард, истодагӣ ва муқовамат донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе дар маросими сиюмин солгарди иртиҳоли ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломӣ гуфтанд, андешаи муқовимат қудратмандтарин силоҳи як миллат аст, ки бояд аз тарфанди душманон масун бимонад ва бо тарфанди душман тазъиф нашавад.

Эшон бо ишора ба вижагиҳои шахсияти ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ.) эшонро инсони шуҷоъ, боҳикмат ва тадбир, порсо ва парҳезгор ва дилбаста ба Худои бузург, зулмситез, истикборситез, адолатхоҳ ва содиқ тавсиф ва таъкид карданд, он чизе, ки Имомро дар ҳайати як тафаккур ва андеша ва як роҳ матраҳ кард, хусусият истодагӣ ва муқовимати Имом буд. Раҳбари инқилоб афзуданд, дар ин сӣ сол шайтанатҳое шудааст, то фикр ва роҳи Имом (раҳ.) ба фаромӯшӣ супурда шавад, ҷозибаи Имоми бузургвор камранг шавад ва коҳиш пайдо кунад, аммо воқеият ба акси хостаи мухолифон ва душманон ҷараён пайдо кардааст. Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: “Воқеият ин аст, ки ҷозибаи Имом на фақат коста нашудааст, балки ҳатто имтидоди бештаре ҳам пайдо кардааст ва як нишонаи он ҳамин иҷтимои азими имрӯз аст”. Эшон ёдовар шуданд: “Ҷозибаи имомро чанд рӯз қабл аз ин ҳам дар роҳпаймоии Рӯзи Қудс ҳама дунё диданд. Чиҳил сол пеш Имоми бузургвор Рӯзи Қудсро барои дифоъ аз масъалаи муҳими Фаластин ибдоъ кард, аммо Рӯзи Қудс ҳанӯз куҳна нашудааст”. Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд, як таҳлилгари байналмилалии амрикоӣ мегӯяд, яке аз муҳимтарин илали душмании Амрико бо ҷумҳурии исломӣ ин аст, ки ҷумҳурии исломӣ масири муқовиматро дар пеш гирифт ва муваффақ шуд ва тавонист бар мавонеъ фоиқ биёяд. Эшон гуфтанд: “Онҳо мехоҳанд мо мунсариф бишавем ва дастҳоямонро ба унвони таслим боло барем ва чун ин корро намекунем, душманӣ мекунанд”.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ ба табйини аҷзои мантиқи муқовимат пардохтанд ва фармуданд, як ҷузъ ин аст, ки муқовимат вокуниши табиии ҳар миллати озода ва бошараф дар муқобили таҳдиду зӯргӯӣ аст. Дувум ин ки муқовимат бархилофи таслим мӯҷиби ақибинишинии душман мешавад ва бахши севум аз мантиқи муқовимат он аст, ки муқовимат, албатта, ҳазина дорад, аммо ҳазинаи таслим дар баробари душман бештар аст.

 

Барчасп