Иқомаи намози иди саиди Фитр ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ
(last modified Wed, 05 Jun 2019 10:40:11 GMT )
Июн 05, 2019 15:40 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози иди саиди Фитр ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Намози иди саиди Фитр ба имомати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, бо ҳузури пуршӯр ва густурдаи шаҳрвандони теҳронӣ дар мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) иқома шуд.

Мардуми муъмин дар саросари Эрон ҳам пас аз як моҳи ибодат, бандагӣ ва рӯзадорӣ дар сафҳои ба ҳам пайваста, намози иди Фитрро иқома карданд.

Имрӯз (чаҳоршанбе) дар бештари кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон иди саиди Фитр эълом шудааст.

Дар дини Ислом нахустин рӯзи моҳи шаввол ба унвони иди Фитр таъйин шудааст. Зеро мусалмонони рӯза‎дор дар моҳи Рамазон бо ибодат ва истиғфор аз гуноҳони худ талош мекунанд олудаги‎ҳои ботиниро аз рӯҳу ҷони худ аз байн бибаранд ва ба фитрати воқеии хеш баргарданд.