Паёми табрикии Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломӣ ба муносибати иди саиди Фитр
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбешаб дар паёмҳои ҷудогонае, ба сарони кишварҳои исломӣ иди саиди Фитрро табрик гуфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паёмҳо, зимни табрики иди саиди Фитр - иди фитратҳои бедор, ибрози умедворӣ кард: “Ба баракати маънавиёти ҳосила аз ин иди бузург, шоҳиди ҳамбастагӣ ва ҳамдилии рӯзафзуни уммати исломӣ ва решакан шудани кина ва нифоқ, кӯтоҳ шудани дасти ситамгарон ва барқарориву истимрори сулҳу субот дар саросари ҷаҳон бошем”.
Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин дар паёме бо табрики фаро расидани иди саиди Фитр ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, бавижа миллати Эрон, таъкид кард, иди Фитр ҷашни ҳамдилии миллатҳо ва таҷаллии иқтидори мусалмонон ва идомаи ваҳдати уммати исломӣ аст.
Дар фарҳанги исломӣ, нахустин рӯзи моҳи шаввол ба унвони иди Фитр ва ҷашни бозгашт ба фитрат таъйин шудааст. Зеро мусалмонони рӯзадор дар тӯли моҳи мубораки Рамазон бо ибодати Худованд ва истиғфор аз гуноҳон, олудагиҳои зоҳирӣ ва ботиниро аз рӯҳу ҷони худ зудудаанд ва ба фитрати воқеии хеш баргаштаанд.
Дар бархе кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Миср, Кувайт, Туркия ва Афғонистон сешанбе ид буд ва дар бархеи дигар аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, Тоҷикистон, Малайзия, Сурия, Фаластин ва Покистон имрӯз (чаҳоршанбе) иди саиди Фитр аст.