Июн 08, 2019 14:52 Asia/Dushanbe
  • Тими вазнабардории ҷавонони Эрон қаҳрамони ҷаҳон шуд

Тими вазнабардории ҷавонони Эрон барои чорумин сол пай дар пай унвони қаҳрамонии рақобатҳои ҷаҳониро касб кард.

Ба гузориши ИРНА, тими вазнабардории ҷавонони Эрон ба касби 2 медали тилло,4 нишони нуқра ва 9 гардановези биринҷӣ ва касби 622 имтиёз барои чорумин сол пай дар пай  бар платформаи  нахусти рақобатҳои қаҳрамони  ҷавонони ҷаҳон истод.

Дар ин давра аз мусобиқот се тими Эрон ,Амрико, ва Ҷопон бо таркиби комил ва 10 нафара ширкат карда буданд.

Тими вазнабардории ҷавонони Эрон пеш аз ин дар рақобатҳои ҷаҳонии 2016 и Гурҷистон 2017 Ҷопон ва 2018 Узбакистон се унвони қаҳрамонии пай дар пай  касб карда буд,ки имрӯз ҳам барои чоруминбор ин унвонро дар рақобатҳои ҷаҳонии 2019и Фиҷи ба худ ихтисос дод.

Рақобатҳои вазнабардории қаҳрамонии соли 2019 и ҷавонони ҷаҳон аз 2 то 8 июн бо ҳузури 248 ширкаткунанда аз 48 кишвар дар шаҳри Сува ( Suva ) дар кишвари    Fiji  Фиҷи баргузор шуд.

Барчасп