Cухангӯи Вазорати хориҷа: Эрон барои гуфтугӯ бо кишварҳои халиҷи Форс омодагӣ дорад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дошта ва дорад, ки бо ҳамаи кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс дар бораи масоили дуҷониба ва минтақа гуфтугӯ кунад.
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарии ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, дар посух ба суоли хабарнигори бурунмарзӣ, дар бораи иддаои вазири умури хоириҷаи Иморот, дар хусуси зарурати ҳузури кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс дар музокироти кишварҳои узви БарҶом бо Эрон афзуд, пешниҳоди вазири умури хориҷаи Эрон барои эҷоди маҷмаи гуфтугӯҳои минтақаӣ ва имзои паймони манъи таҷовуз метавонад сароғози гуфтугӯҳои кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс бо Эрон бошад.
Раиси маркази дипломатии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи изҳороти зиддиэронии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфт, давлати Трамп бо хуруҷи ғайриқонунӣ аз БарҶом дар мавқеияте нест, ки барои Эрон таъйину таклиф кунад ва ҳамзамон бо фишори ҳаддиаксарӣ ва эъмоли таҳримҳои шикананда зидди мардуми Эрон, муддаии музокира бо Эрон бошад.
Мусавӣ бо баёни ин ки иддаоҳои инҳирофии раисҷумҳури Амрико дар ҷиҳати ҷанги равонӣ ва эҷоди асаргузорӣ дар афкори умумӣ аст, афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо музокироти БарҶом, фишори равонии кишварҳои ғарбиро хунсо кард ва музокираи муҷаддаде, ки онҳо барои анҷоми гуфтугӯ бо Эрон матраҳ мекунанд, музокирае нест, ки Эрон рӯйи он ҳисоб кунад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи раванди одисозии равобити Эрон ва Аврупо ҳам гуфт, интизори Эрон аз Иттиҳоди Аврупо ин буд, ки ба тааҳҳудоташон амал кунанд, дар ҳоле ки онҳо нахостанд ё натавонистанд ба тааҳҳудоташон амал кунанд, ки ҷойи таассуфи бисёре дорад.
Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон изҳор дошт, бисёр ҷойи таассуф аст, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрӯз кишваре қонун қабул кунад ва онро ба шакли фаросарзаминӣ вазъ карда ва зидди дигар кишварҳо эъмол кунад ва иҷоза надиҳад кишварҳо равобити озоди тиҷорӣ бо якдигар дошта бошанд.
Мусавӣ дар бораи сафари имрӯзи Ҳайко Мас, вазири умури хориҷаи Олмон ба Теҳрон ва иртиботи ин сафар бо амалӣ шудани “Инстекс” (созукори табодулоти тиҷории се кишвари аврупоӣ бо Эрон) гуфт, “Инстекс” то кунун хостаҳои Эронро таъмин накардааст, магар ин ки дар музокироти Теҳрон пешниҳодҳои ҷадид матраҳ шавад.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи сафари Шинзо Обе, нахуствазири Ҷопон ба Теҳрон ҳам гуфт, сафари раиси давлати Ҷопон ба Эрон пас аз чиҳил сол муҳим, таърихӣ ва мунҳасир ба фард буда ва ба ҳамин хотир ин сафар дар конуни таваҷҷуҳҳо қарор гирифтааст.
Раиси маркази дипломатии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи бархе ахбори мунташиршуда, дар хусуси дархости Эрон аз Русия барои хариди сомонаи мушакии “С 400” гуфт, дархосте аз Русия барои хариди ин сомона матраҳ нашудааст.