Оғоз ба кори нахустин маҷмаи фанноварии Осиё ва Уқиёнусия дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44382-Оғоз_ба_кори_нахустин_маҷмаи_фанноварии_Осиё_ва_Уқиёнусия_дар_Теҳрон
Нахустин маҷмаи фанноварии Осиё ва Уқиёнусия бо ҳадафи эҷоди бистари таомулоти илмӣ дар Теҳрон оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 11, 2019 12:26 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори нахустин маҷмаи фанноварии Осиё ва Уқиёнусия дар Теҳрон

Нахустин маҷмаи фанноварии Осиё ва Уқиёнусия бо ҳадафи эҷоди бистари таомулоти илмӣ дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар нахустин маҷмаи фанноварии Осиё ва Уқиёнусия, ки имрӯз (сешанбе)  дар Теҳрон оғоз ба кор кард, намояндагоне аз беш аз 50 кишвар ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳузур доранд.

Дар ин руйдоди дурӯза, нишастҳои тахассусӣ бо мавзӯи "Сиёсати давлатҳо дар иртиқои стартапҳо (ширкатҳои навофарин), навовариҳои бархоста аз бистари ҷомеа ва таъсири ҳамкориҳои ҷануб-ҷанбу дар иртиқои сатҳи илм, фанноварӣ ва навоварӣ низ баргузор мешавад.

Нахустин маҷмаи фанноварии Осиё ва Уқиёнусия фардо (чаҳоршанбе) поён меёбад.